ТАРЗИ НАВИ ҚАБУЛИ ИМТИҲОН ДАР ДОНИШГОҲИ ХОРУҒ
Бадахшон, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Аз 1-уми август дар кулли донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ оғоз гардид. Аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии ба номи Моёншо Назаршоеви Хоруғ ҳам. Дар ин ҷо чанд сол боз имтиҳон ба тариқи тест мегузарад. Довталабон аз се фан: забону адабиёт, ҳуқуқ ва ихтисос имтиҳон месупоранд. Санҷиши компютерии тестӣ бо ширкати ректори Донишгоҳ Гулхоҷа Ҷангибеков ва волидайни хоҳишманд дар худи толори имтиҳонқабулкунӣ мегузарад. Аз ин лиҳоз, ҷараёни имтиҳонот шаффоф буда, волидайни довталабон аз тарзи қабули имтиҳонот розианд. Аз даврае, ки тарзи имтиҳони тестӣ дар ин донишгоҳ ҷараён дорад, то ҳоло шикояти волидайн аз қонунвайронкунӣ мушоҳида нагардидааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






