ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ ГАЗИ ХУДӢ МЕШАВАД

Август 5, 2009 14:28

                      Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар маросими ба таври расмӣ кушода шудани корҳои пармакунӣ дар чоҳҳои гази «Комсомол — 200 », ки дар қисми шимолии Душанбе ҷойгир аст, Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ширкат намуда, дар ҳузури мутахассисон ва хабарнигорон суханронӣ намуд.                    — Соҳаи энергетика ва сӯзишворӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, барои рушди минбаъдаи соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва беҳтар гардонидани некӯаҳволиимардум аҳамияти аввалиндараҷа дорад, -иброз дошт Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов. Ҳукумати ҷумҳурӣ солҳои охир барои ҷалби сармояи хориҷӣ баҳри рушди соҳаи энергетика ва сӯзишворӣ аз калонтарин ширкатҳои сармоягузори хориҷӣ даъват ба амал овард.                      Дар ҳамкорӣ бо ширкати «Кӯлоб Петролиум лимитед» дар доираи амалӣ намудани созишнома оид ба тақсимоти маҳсулот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ӯҳдадориҳои дар созишнома омадаро аз тариқи мақомотҳои дахлдор ба анҷом расонидааст. Дар баробари ин ширкати мазкур дар кӯтоҳтарин муддат корҳои ҷустуҷӯӣ геологиро анҷом дода, дар навбати аввал дар конҳои «Комсомол» ва «Хоҷа Сартез» ба эҳёи чоҳҳои аз кор монда шурӯъ намуд.                      Натиҷаи ҳамин корҳо буд, ки дар давраи тирамоҳу зимистони 2008 — 2009 ба миқдори зиёда аз 420 ҳазор метрии мукааб гази табиӣ аз кони «Хоҷа Сартез» ба шаҳри Кӯлоб интиқол дода шуд.                       Аз моҳи майи соли 2009 ширкати мзкур корҳои ҷустуҷӯӣ — сейсмикиро дар майдонҳои Айнӣ, Хонақоҳ, Комсомол гузаронид. Айни замон чунин корҳо дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ давом дода мешаванд.                       Ширкати «Тетис Петролиум» бо мақсади гузаронидани корҳои геологӣ дар Тоҷикистон беш аз 30 техникаи пуриқтидор ворид намуда, корҳои сейсмикиро то охирири сол ба анҷом расониданист.                      Ширкати «Кӯлоб Петролиум Лимитед», ки яке аз филиалҳои ширкати мазкур мебошад, корҳои пармакуниро дар кони гази Олимтой давом дода, аз моҳи май то имрӯз бештар аз 550 метр чоҳ парма карда шудааст.                      Имрӯз дар шоҳидии даҳҳо хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар ширкати «Тетис Петролиум» ба пармакунии чоҳи «Комсомол — 200» оғоз кард ва умед аст то моҳи декабр пармакунии ин чоҳ ба охир расида, Душанберо бо гази худӣ таъмин мекунад.

Август 5, 2009 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад