ҒАМХОРИИ РАИСИ ШАҲР ДАР АРАФАИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Душанбе, 5 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо мақсади дар арафаи таҷлили ҷашни 18-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмаки моддӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони рафъи садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, кормандоне, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда гузоштаанд, хона-интернатҳои пиронсолон, мактаб- интернатҳо, хонаи кӯдакону тифлон, муассисаҳои иҷтимоии шаҳр, оилаҳои камбизоат ва оилаҳое, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюбон зиндагӣ мекунанд қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба тасвиб расид. Мувофиқи он аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ҷиҳати расонидани кӯмакпулии моддӣ маблағи 1207400 (як миллиону дусаду ҳафт ҳазору чорсад) сомонӣ , аз ҷумла 523150 (пансаду бисту се ҳазору яксаду панҷоҳ) сомонӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, оилаҳое, ки дар онҳо зиёда аз ду нафар маъюбон зиндагӣ мекунанд ва 684250 (шашсаду ҳаштоду чор ҳазору дусаду панҷоҳ) сомонӣ ва ба кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо карда мешавад Ҳамчунин Раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор шуданд, ки барои расонидани кӯмаки моддӣ ба ҳамаи хона-интернатҳои пиронсолон, мактаб- интернатҳо,хонаи кӯдакону тифлон,муассисаҳои иҷтимоии шаҳр ва оилањои камбизоат аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузории муайянгардида мусоидат намоянд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Ниёзбек Қаландаров, алҳол дар пойтахт 294 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ истиқомат доранд ва дар арафаи ҷашн ба ҳар кадом маблағи сесад сомонӣ кӯмак расонида мешавад. Супоридани маблағҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт тариқи аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо амалӣ мегардад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






