ҚАРЗИ ТОҶИКИСТОН АЗ «ӮЗТРАНСГАЗ» КАМ МЕШАВАД

Сентябрь 30, 2009 13:37

                 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Директори генералии ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» Саидмамад Шарофиддинов айни ҳол дар шаҳри Тошканд қарор дорад. Вай дар ин ҷо бо роҳбарияти ширкати «Ӯзтрансгаз» масъалаҳои марбут ба интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва пардохти маблағи онро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.                 Аз ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барои хариди гази табиӣ 18 миллион доллари ИМА қарздор буд. То имрӯз қисми ззиёди маблағи газ баргардонда шуд ва қарзи Тоҷикистон аз ҳисоби хариди гази табиии Ӯзбекистон торафт камтар мешавад.                 Қайд карда шуд, ки қарори муваққатан қатъ намудани интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бекор карда шуд, акнун гази табиӣ аз ин мамлакат ба ҷумҳурии мо дар ҳаҷми пештара интиқол дода мешавад.

Сентябрь 30, 2009 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад