ҲОДИСА ТАҲҚИҚ КАРДА МЕШАВАД

Сентябрь 25, 2009 16:33

                 Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар робита ба ҳодисаи таркиши гази табии, ки шоми 24 сентябри соли 2009 дар бинои истиқоматии кӯчаи С.Шерозӣ 37/1 ҳуҷраи 42 рух дод, бо дастури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати баррасӣ ва таҳқиқи ҳодиса прокуратураи шаҳр ва дигар мақомоти дахлдор фавран дар ҷои ҳодиса ба фаъолият шурӯъ намуданд.                   Тавре аз Хадамоти матбуотии Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баррасии масъала зери назорати шахсии Раиси шаҳр қарор дошта, бо дарёфти хулосаи комиссияи мазкур ҷиҳати рафъи оқибатҳои садама ва аз ҳисоби шахс ё ташкилоти гунаҳгори ҳодиса дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин барқарорсозии хонаи осебдида тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ амалӣ карда мешаванд.   

Сентябрь 25, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!