БА ҶОИ ДОЛЛАР ПУЛИ НАВИ ҶАҲОНӢ ҶОРӢ МЕШАВАД?
Лондон, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Вести.ру). – Дар ҳисоботи конфронси Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои тиҷорат ва рушд хабар дода мешавад, ки низоми имрӯзаи муомилоти пул ва қоидаҳои асосии марбут ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳамдигар мувофиқат намекунанд ва ҳамин вазъият сабаби асосии ба миён омадани бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ гардидааст. Дар ҳисобот инчунин қайд карда мешавад, ки дар шароити ҳозира доллари ИМА дар саросари ҷаҳон ҳамчун пули асосӣ истифода мешавад. Пешниҳод карда мешавад, ки низоми ҳозираи муомилоти пул ва сиёсати пулу қарз дар саросари ҷаҳон бояд таҷдиди назар карда шавад. Бояд гуфт, ки баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла, Русия ва Чин аллакай пешниҳод карда буданд, ки ба ҷои доллар пули нави умумиҷаҳонӣ ҷорӣ карда шавад. Маърӯзаи конфронси СММ дар масъалаҳои тиҷорат ва рушд дар ин масъала ҳуҷҷати ягонаи расмӣ мебошад, ки чунин проблемаро ба миён гузоштааст. Моҳиятан, ҳисобот даъват мекунад, ки дар саросари ҷаҳон низоми нави идорашавандаи арзиши пул ва муомилоти он ҷорӣ карда шавад. Пешниҳод карда мешавад, ки барои ҷорӣ кардани пули нав системаи Бреттон – Вудский ҳамчун асос қабул карда шавад. Ин чунин маъно дорад, ки бонкҳои марказии мамлакатҳои ҷаҳон бояд ба ҷараёни муомилоти пул дахолат карда, дар ҳудуди мамлакатҳояшон қурби муомилотии пулро ба низом дароранд. Маърӯза ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки мамлакатҳои дорои захираи калони асъори хориҷӣ ба мисли Олмон ва Чин бояд иқтисодиёти худро тараққӣ дода, номувозинатии пул ва иқтисодиётро бартараф созанд. Дар ин маврид бори асосии барқарор сохтани ҷараёни халалдор гардидаи тавозуни пул ва истеҳсолот ба зиммаи давлатҳое гузошта мешавад, ки ба проблемаи камбуди буҷет рӯ ба рӯ гардидаанд. Ба ин мамлакатҳо пеш аз ҳама ИМА ва Британияи Кабир мисоли равшан мебошанд. Бо пули нави ҷаҳонӣ иваз кардани доллар имкон медиҳад, ки баъзе проблемаҳои вобаста ба имкониятҳои мамлакатҳои дорои ҳаҷми калони таворуми пул ҳал карда шаванд. Дар ин маврид системаи идораи ҷараёни тағйирёбандаи арзиши пулро ба вуҷуд овардан лозим аст. Пешниҳод карда мешавад, ки идораи ҷараёни мубодилаи асъор ва муқаррар намудани қурби пул ба зиммаи як созмони мутамарказонидашуда, масалан, Хазинаи байналмилалии асъор гузошта шавад.








Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






