БА 2 ҲАЗОР НАФАР КАМБИЗОАТОН КӮМАК РАСИД
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳукуматҳои ноҳияҳои атрофии шаҳри Душанбе тибқи дархости Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон рӯйхати 2 ҳазор нафар оилаҳои камбизоатро барои гирифтани кӯмак дар моҳи рамазон пешниҳод карданд. Бори аввал нест, ки соҳибкорони инфиродии кишвар ба ин амали босавоб даст мезананд. Асосан ин ғамхорӣ аз даъвати Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ маншаъ мегирад ва ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон такрор хоҳад шуд. Хароҷоти кӯмаки башардӯстонаи Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон соли ҷорӣ 100 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар ибтидои моҳи сентябр ба оилаҳои камбизоат дода шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






