БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА МЕГАРДАНД
Душанбе, 8 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо супориши шаҳрдорӣ шабакаҳои барқи шаҳрӣ, корхонаи воҳиди давлатии «Душанбегаз» ва корхонаи воҳиди давлатии «Обу корез» -и Душанбе ва маркази гармидиҳӣ вазифадор шуданд, ки то 14 –уми сентябр ба зимистонгузаронӣ омода гарданд. Заминаи ин супориш дар асоси вазъи ногувори тирамоҳ ва зимистони соли 2008 -2009 ба амал омад. Боиси ёдоварист, ки 24 –уми августи соли ҷорӣ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи назоратии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр ба идораҳои инфраструктурии шаҳр чунин супоришро ироа намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» аз роҳбарони идораҳои номбурда иттилоъ гирифт, ки тирамоҳу зимистони соли 2009 – 2010 мушкилоти дар тирамоҳ ва зимистони соли 2008 -2009 рухдода такрор намешавад. Корхонаҳои номбурда дар зимистон сокинони пойтахтро бо гармӣ, газ, ва оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд кард. Бо ин мақсад, дар ин корхонаҳо чораҷӯиҳои зиёд анҷом дода шудааст.








5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






