БОНКИ «ЭСХАТА» ПУЛИ МИЗОҶОНИ ФИРЕБХӮРДАРО БАРМЕГАРДОНАД
Чкаловск, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Сардори раёсати Ҷамъияти саҳҳомии Бонки «Эсхата» Фурқат Ҳасанов 14 сентябр ба мизоҷони бонк ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ хабар дод, ки бонк маблағи мизоҷони фиребхӯрдаи филиали худро дар шаҳри Чкаловск бармегардонад. Тавре хабар дода шуда буд, комиссияи махсуси бонк дар натиҷаи тафтиши фаъолияти молиявии филиали он дар шаҳри Чкаловск хилофкориҳо ва қонуншиканиҳои ҷиддиро ошкор намуд. Роҳбарияти бонк дар ин бора ба мақомоти муҳофизи қонун хабар дод. Ҳамон рӯзҳо директори филиали бонки «Эсхата» дар шаҳри Чкаловск Зулфиқор Азизов ва баъди ӯ коршиноси калони филиали бонк Хуршедхон Қосимов ба Федератсияи Русия гурехтанд. Айни ҳол мақомоти дахлдор онҳоро ҷустуҷӯ мекунанд. Тафтиши фаъолияти молиявии филиали бонк нишон дод, ки З.Азизов дар давраи фаъолияташ пасандози 36 нафарро бо фоизи баланди фоида, яъне аз 30 то 36 фоиз дар давоми сол қабул намудааст. Ҳол он ки мувофиқи қоидаи муқаррарӣ фоизи фоидаи пасандоз аз 18 то 20 фоиз мебошад. З.Азизов аз мизоҷон қариб 200 ҳазор доллари ИМА – ро қабул намуда, вале онро ба кассаи филиал даромад накардааст. Бояд гуфт, ки ба мизоҷон дар бораи қабули пасандоз бо мӯҳри филиали Бонки «Эсхата» дар шаҳри Чкаловск ҳуҷҷатҳо дода шудааст. Мақомоти суд алҳол тафтиши ин ҷиноятро давом медиҳанд. Бо вуҷуди ин Шӯрои мудирон ва Раёсати бонк қарори судро интизор нашуда, тасмим гирифт, ки пули мизоҷони фиребхӯрда аз ҳисоби маблағи захиравии бонк пардохта шавад. То имрӯз ба мизоҷони фиребхӯрда тақрибан 150 ҳазор доллари ИМА дода шуд. Масъалаи баргардондани пули мизоҷони боқимонда ояндаи наздик ҳал карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки бонки «Эсхата» аз соли 1994 фаъолият дорад. Дар саросари мамлакат 14 филиал ва сад бунгоҳи ҳаволаи пули бонк кушода шудаанд. Бонки «Эсхата» ва филиалҳои он то имрӯз ба мизоҷон қариб 20 миллион сомонӣ қарз додаанд. Маблағи даромади бонк дар нимаи аввали соли равон 8 миллион сомониро ташкил медиҳад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






