ДАР БАДАХШОН МУРҒ ПАРВАРИШ МЕКУНАНД
Бадахшон, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Дар деҳаи Бунии ноҳияи Шуғнон таҳкурсии фабрикаи мурғпарварӣ гузошта шуд. Гап дар сари он аст, ки дар ҳамин деҳа то оғози муқовиматҳо калонтарин фабрикаи мурғпарварии вилоят фаъолият дошт. Дар давраи муқовиматҳо бошад фабрика валангор гардида, ҳатто хишташро низ фурӯхтанд. Ҳоло бошад соҳибкор, садри корхонаи масъулияташ маҳдуди «Назрӣ» Қадамшо Чиниев ба бунёди фабрика оғоз намуд. Тавре Қадамшо Чиниев иттилоъ дод, фабрика дар тарҳи собиқ эҳё хоҳад гашт. Бунёди чунин фабрика дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон низ оғоз гардид. Ба гуфти Латиф Шоҳзодаев- садри Раёсати рушди иқтисоди вилоят бунёди 4 сехи дӯзандагӣ ва корхонаи коркарди доруворӣ низ идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






