ДАР ДУШАНБЕ СТАНДАРТҲОИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲИ-РО ҲАМОҲАНГ МЕСОЗАНД
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ва Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» семинари омӯзишӣ оид ба стандартизатсия, метрология, ташхис ва сифат доир гардид. Диретори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ Давлаталӣ Ҳотамов роҷеъ ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо СҲИ маълумот дода, зикр кард, ки масъалаҳое, ки дар ин семинар мавриди баррасӣ қарор мегиранд, аз масоили муҳиме иборатанд, ки аҳамияти байналмилалӣ дошта, дар густариши минбаъдаи тиҷорат ва сифатнокии маҳсулот дар кишварҳои узви СҲИ мусоид мебошанд. Гуфтанист, ки дар ин семинар масъалаҳои амалисозии даври дуюми лоиҳаи СҲИ ва ЮНИДО оид ба стандартизатсия, метрология, ташхис ва сифат, ҳамоҳангсозии стандартҳо, мавқеи метрология дар системаи Созмони умумиҷаҳонии савдо, ченкунӣ ва иштибоҳоти ченкунӣ, системаи идоракунии сифат ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






