ДАР ЭРОН НАХУСТИН ЗАН ВАЗИР ТАЪИН ШУД
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру ). – Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод чанде пеш номзадии Марсих Ваҳид Дастгардиро ба мансаби вазири тандурустии мамлакат пешбарӣ карда буд. Парлумони мамлакат номзадии ӯро дастгирӣ кард. Ҳамин тариқ Ваҳид Дастгардӣ дар таърихи Эрон нахустин зан мебошад, ки ба вазифаи вазирӣ таъин гардид. Маҳмуд Аҳмадинажод қабл аз ин ба парлумон пешниҳод карда буд, ки боз ду нафар зани дигар дар ҳукумат ба вазифаҳои вазири маориф ва вазири рушди иҷтимоӣ таъин карда шаванд. Онҳо Савсани Кишоварз ва Фотима Оҷорлу мебошанд. Вале аъзои парлумон ба муқобили интихоби номзадҳои мазкур овоз доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






