ДЕҲҚОН КИШТИ ДУЮМРО ЗИЁД КАРД

Сентябрь 8, 2009 14:47

                Суғд, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов). — Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Яккатут», «Гултеппа»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар баробари он, ки ҳамаи 94 га замини обиро пурра истифода бурданд, инчунин майдони кишти такрорро зиёд карданд.Дар ҳамаи замини аз гандум холишуда, кишти дуюм гузаронида шуд. Аз ҷумла дар 0,5 га ба таври таҷрибавӣ тарбуз парвариш меёбад, ки дар 70 рӯз пухта мерасад.                Инчунин парвариши сабзӣ, харбуза, бодиринг, мош ба роҳ монда шудааст. Чунин нишондиҳандаҳоро дар хоҷагиҳои деҳқонии номбурда дидан мумкин аст. Ингуна оқилона истифодабарии замин, ҳам ба манфиати деҳқон асту ҳам ба нархи бозори дохилӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Сентябрь 8, 2009 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад