ДИРЕКТОРИ НАВИ ДАФТАРИ СОЗМОНИИ ҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ ДАР АВРУПО ИНТИХОБ ШУД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар иҷлосияи 59 – уми дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустии Аврупо ширкат варзид, ки аз 14 то 16 сентябр дар Копенгаген баргузор гардид. Дар иҷлосия бештар аз 300 ҳайати 53 мамлакати Аврупо, намояндагони муассисаҳои СММ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ иштирок намуданд. Рӯзномаи иҷлосия муҳокимаи масъалаҳои вазъи паҳн гардидани бемориҳои хавфнокро дар мамлакатҳои ҷаҳон ва роҳҳои пешгирию табобати онҳоро дар бар мегирифт. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар иҷлосия директори нави генералии дафтари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо интихоб шуд. Ӯ намояндаи Маҷористон Жужанна Якаб мебошад. Вай дар ин вазифа намояндаи Фаронса Марк Данзонро иваз намуд. Ба намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Сантино Северони роҳбарӣ мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






