ХАРИТАҲО БАРОИ МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 24, 2009 11:28

                  Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Ширкати харитасозии Швейтсария ҳамроҳи намояндагии Агентии ҳамкории ин мамлакат дар Тоҷикистон 50 ҳазор нусха харитаҳои топографии Тоҷикистонро таҳия ва нашр намуд. Дар ин харитаҳо хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва геометрии маҳалҳои гуногуни мамлакат тасвир ёфтаанд.                 Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки харитаҳои мазкур пеш аз ҳама барои омӯхтани фанни Ҷуғрофия дар мактабҳои мамлакат пешбинӣ шудаанд. Харитаҳо айни ҳол ба Вазорати маорифи Тоҷикистон супурда шудаанд ва ояндаи наздик дар байни мактабҳои мамлакат тақсим карда хоҳанд шуд.                  Бояд гуфт, ки ширкати макзур қабл аз ин тибқи фармоиши Тоҷикистон барои сайёҳон харитаҳои туристӣ тайёр карда буд. 

Сентябрь 24, 2009 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад