«IRIN NEWS» БО ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАД
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 24 октябр дар Душанбе бо намояндагони агентии иттилоотии байналхалқии «IRIN NEWS» мулоқот баргузор мегардад. Дар он имкониятҳои ҳамкории ин агентии иттилоотии байналхалқӣ бо воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд. Дар мулоқот намояндаи агентии мазкур Олимбек Таштанқулов ширкат хоҳад кард. Агентии иттилоотии байналхалқии «IRIN NEWS» дар Душанбе тӯли чанд моҳ бо намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи созмонҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои ҷаҳон ба проблемаҳои дорои хусусияти гуманитарӣ ҳамкорӣ карданист. Намояндагии СММ дар робита зимни ҳамкорӣ бо журналистони маҳаллӣ, ки дар мавзӯҳои гуманитарӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ хабару мақолаҳо менависанд, маълумот ҷамъ хоҳад кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






