КӮМАКИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА БА НИЁЗМАНДОН
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои тобеи он ҳар сол дар арафаи иди Фитр ба хона-интернатҳо одамони солхӯрда, маъюбон, ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат кӯмаки хайрия мерасонанд. Дар Федератсияи иттифоқҳои касаба имсол бо ин мақсад барои харидани маводи хӯрока ва расонидани кӯмакпулӣ ба ниёзмандон 28 ҳазор сомонӣ ва 12 роҳхат барои истироҳат дар осоишгоҳҳои иттифоқҳои касаба ҷудо карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бо ин мақсад Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои мактаббачагони ятими мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Шаҳринав фурӯзонакҳои барқии каммасраф, асбобҳои хониш ва дигар лавозимоти дарсиро харидорӣ намуда, ба интернати мазкур тӯҳфа кард. Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд барои мактаббачагон аз оилаҳои камбизоат, ки дар гимназияи №7 ноҳияи Ашт ва омӯзишгоҳи касбӣ- техникии №44 таҳсил менамоянд, барои харидорӣ намудани маводи хурокворӣ ба маблағи 2000 сомонӣ, Шӯрои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони қисми ҳарбии сарҳадӣ ба ҳар кадоме 250 сомонӣ ва вилояти Хатлон барои маъюбону пиронсолони хона-интернати шаҳри Қӯрғонтеппа 500 сомонӣ ва барои маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 фурӯзонакҳои барқии каммасраф харидорӣ намуда, тақдим карданд. Инчунин, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди Рамазон ба 22 нафар собиқадорони меҳнат ба маблағи 2 ҳазору 150 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид. Мутобиқи тадбирҳои андешидашуда Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи «Тоҷикметалл» барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати ятимону бепарасторон ва беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб, инчунин 10 нафар оилаҳои камбизоати деҳаи Пӯшиёни поёни ноҳияи Восеъ 1,8 тонна гандум кӯмаки хайрия расонид. Дар баробари ин, Кумитаи иттифоқҳои касабаи коргарони соҳаи ҳавопаймоӣ дар арафаи ин иди бузург барои ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа ва мактаббачагони мактаб-интернати маъюбони ноҳияи Ҳисор ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ кӯмак намуд.








Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд






