К. БРОНКА: «ЭЪТИМОДИ МАРДУМ БА БОНКҲО МЕАФЗОЯД»

Сентябрь 14, 2009 16:55

                Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои парлумони Тоҷикистон бо Бонки умумиҷаҳонӣ, раванди амалишавии лоиҳа ва тарҳҳои ин бонки бонуфуз дар Тоҷикистон зимни мулоқоти муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сафар Сафаров бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти раёсати Кояра Бронка 14 сентябр дар Душанбе баррасӣ гардиданд.              Сафар Сафаров роҷеъ ба саҳми парлумони ҷумҳурӣ дар беҳтар шудани фаъолият ва низоми бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда гуфт, ки вакилони палатаи касбии парлумони Тоҷикистон тавонистанд бо қабули якчанд қонун дар бахши ислоҳоти соҳаи бонкӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ дар мамлакат нақши муҳим дошта бошанд.               Муовини аввали раиси палатаи касбии парлумони кишвар аз раванди ҳамкориҳои Бонки умумиҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ризоият карда, хостори тақвияти ҳарчӣ бештари ин равобит шуд.              Намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ Кояра Бронка аз амалишавии ислоҳоти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина ба даст овардани эътимоди мардум нисбат ба бонкҳои мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, гуфт, ки боварии ҳар чӣ бештари мардум ба бонкҳо аз омилҳои асосии беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо ва ғанӣ гардидани захираи бонкӣ мебошад.               Мусоҳибон ҳамчунин, дурнамои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи молиявӣ — солҳои 2010-2013 табодули назар карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Сентябрь 14, 2009 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад