КОРХОНАҲОИ ОРДКАШӢ БУНЁД КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вобаста ба чандин баробар афзудани истеҳсоли ғалла дар мамлакат корхонаҳои нави ордкашӣ сохта ва корхонаҳои кӯҳна барқарор карда мешаванд. Аз ҷумла, фасли тобистон корхонаҳои орди шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Истаравшан ва ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ тармим ва барқарор карда шудаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараю Ваҳдат ва Спитамен корхонаҳои нави ордкашӣ ба истифода дода шудаанд. Раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Ғалла» Тағоймурод Шарифов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки корхонаҳои ордкашии мамлакат ба мавсим пурра тайёр карда шудаанд. Аксарияти онҳо бо технологияи компютерӣ кор мекунанд. Корхонаҳои ордкашии мамлакат ҳар шабонарӯз аз 90 то 100 тонна орд истеҳсол хоҳанд кард. Ин имкон медиҳад, ки гандуми истеҳсоли ватанӣ дар корхонаҳои ордкашии дохили мамлакат истифода бурда, ворид сохтани ғалла ва орд аз хориҷи кишвар кам карда шавад. Қайд кардан лозим аст, ки корхонаҳои нави ордкашӣ бо маблағи соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудаанд. Ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе низ корхонаи нави ордкашӣ ба истифода дода мешавад. Т.Шарифов зикр намуд, ки дар давоми 8 моҳи соли равон ба мамлакат 227 ҳазору 606 тонна гандум ворид карда шудааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88 ҳазору 397 тонна зиёд мебошад. Дар ин давра аз мамлакатҳои дигар ба Тоҷикистон 227 ҳазору 95 тонна орд ворид гардидааст, ки аз порсола 122 ҳазор тонна кам аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






