КОРХОНАИМУШТАРАКИ «БАРАКАТ — ИСФАРА»
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шаҳри Исфара боз як корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия «Баракат –Исфара» ба кор оғоз кард. Муассиси корхонаи нав фабрикаи қаннодии «Белгород» — и шахри Масква мебошад. Корхона ба маблағи 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллии Тоҷикистону Русия сохта шуда, он ба хушконидану печонидани хушкмева пешбинӣ шудааст. Корхонаи нави муштарак бо технологияи муосир ва пешқадами Туркия, Чин ва Русия муҷаҳҳаз гардонида шудаааст. Ҳоло ду хатти технологии он ҳар кадом дар як соат аз 300 то 700 кг хушкмеваро коркард ва дар қуттиҳо ҷо медиҳад. Тибқи маълумоти сармутахассиси борпечкунии корхона маҳсулоти истеҳсолкардаи он ба ФР ва як қисм давлатҳои Аврупоӣ фиристода мешавад. Бино ба иттилои яке аз асосгузорони корхонаи нав Владимир Калиниченко корхона дар оянда бо истифода аз меваи хушк ва чормағз ба истеҳсоли шоколад мегузарад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






