КОРМАНДОНИ «ХОВАР» САЗОВОРИ МУКОФОТ ГАРДИДАНД

Сентябрь 8, 2009 16:24

                Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба муносибати 18-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ботантана ба гурӯҳи калони кормандони беҳтарин ва пешқадами ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат мукофотҳои давлатӣ супорид.                 Дар байни онҳо ду нафар корманди Агентии миллии иттилоотии «Ховар»-и назди Ҳукумати ҶТ низ ҳастанд. Онҳо мудири шӯъбаи ахбори мусаввари АМИТ «Ховар» Мақсудҷон Муҳиддинҷонов ва мутахассиси дараҷаи аввали компютери агентӣ Ҳусния Рашидова мебошанд. М. Муҳиддинҷонов сазовори унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ҳ. Рашидова сазовори «Ифтихорнома»-и Ҳукумати ҶТ гардиданд. Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон онҳоро шахсан табрик намуда, ба корҳои ояндаашон барору комёбӣ орзу намуд. 

Сентябрь 8, 2009 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад