МАСЪАЛАҲОИ КАДРӢ ДАР МАҚОМОТӢ СУДӢ
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кормандони мақомоти судии кишварро баҳри озод ва таъин намудан ба вазифаҳои пурмасъулияти соҳа ба ҳузур пазируфт. Аз ҷумла Умед Бобоев бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Субҳиддин Баҳридинов муовини дирекотори ҳамин марказ таъин гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки ҳардуи онҳо олимони шинохтаи бахши ҳуқуқшиносии малакат мебошанд. Ҳамчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 нафар ба вазифаҳои судя ва роҳбарони мақомоти судӣ таъин шуданд. Аз онҳо 15 нафар кадрҳои ҷавони соҳа мебошанд, ки баъди гузаштани муҳлати яксолаи таҷрибаомӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя бори нахуст ба вазифаи судя таъин карда мешаванд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат онҳоро ба таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят намуда, ҳамзамон таъкид дошт, ки вазифаи судя натанҳо баровардани ҳукми суд, балки ҳамчунин иштирок дар тарғиби тарзи ҳаёти бенуқсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки баҳри ба роҳ мондани курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳа дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҳамчунин оид ба омода кардани ҳуқуқшиносони сатҳи байналмиллалӣ тадбирҳои судбахш андешанд. Таъкид гардид, ки судяҳо донишу малакаи худро бояд ҳамчунин бо истифода аз имконоти Интернет ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ такмил диҳанд. Дар сӯҳбат бо чанд нафар аз судяҳои ҷавони бори аввал ба ин вазифа таъиншуда маълум гашт, ки онҳо аз фаъолияти яксолаи коромӯзӣ дар вазифаи коромӯз-судя хеле баҳраманд гаштаанд ва дастуру ҳидоятҳои имрӯзаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар кору фаъолият ва такмили минбаъдаи ихтисосашон мавриди баҳрабрдорӣ қарор медиҳанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






