МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТ

Сентябрь 15, 2009 08:24

               14 уми сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагӣ ба зимистони пешомад ва дигар масъалаҳои ҳалталаб бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор машварати корӣ доир намуд.                Дар мавриди омодагӣ ба зимистон, ки аз масъалаҳои асосии машварат буд, таваҷҷӯҳ бештар ба таъмини мардум ва корхонаю муассисаҳо бо нерӯи барқ, газ, гармӣ ва маводи ғизоӣ дар фасли сармо зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки барои иҷрои ин ҳадафҳо бояд ба қадри кофӣ ангишт, гази моеъ, мазут, дигар маводи сӯхт ва озуқаворӣ захира карда шавад, хусусан барои эҳтиёҷоти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.                Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор гузориш доданд, ки то якуми октябр нақшаи захираи маводи мазкур барои зимистон пурра иҷро мегардад.               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иҷрои пурра ва саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» қатъиян талаб намуда, таъкид дошт, ки то якуми октябри соли равон бояд гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасраф дар тамоми қаламрави кишвар таъмин гардад.               Аз роҳбарон ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат, вазорату идораҳо ва ҳамаи ходимони давлатӣ талаб карда шуд, ки фитри рӯзаро на бо пардохти пул, балки бо хариди лампаҳои каммасраф ва додан ба оилаҳои камбизоат ба ҷо биёранд.              Ҷалби бештари олимону ходимони дин, кормандони маркази исломшиносӣ, имом – хатибони масҷидҳо ва шӯроҳои уламои дин ба тарғибу ташвиқи фарҳанги сариштакорӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ зарур шумурда шуд, аз ҷумла дар масъалаи гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва аҳамияти он ҳам ба буҷети оила ва ҳам ба саломатии инсон.               Ба масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта, меваю сабзавот, омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ, захираи маҳсулоти озуқаворӣ ва тухмии хушсифат аз дохили кишвар низ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид.               Дастур дода шуд, ки дар пойтахт ва марказҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамарӯза то рӯзи иди саиди Фитр намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои арзон ташкил карда шавад.               Ҳамчунин таъкид гардид, ки кӯмакҳои хайрия бояд, пеш аз ҳама ба ятимону бепарасторон, пирони барҷомондаю маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар эҳтиёҷмандон раво дониста шавад.               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба рафти омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалӣ оид ба бузургдошти Имоми Аъзам, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, барои дар сатҳи баланди илмию маърифатӣ гузарондани он ба масъулин дастуру ҳидояҳо дод.                  Дар машварат ҳамчунин масоили ҷамъбасти нишондодҳои фаъолияти 9 – моҳаи хоҷагии халқи мамлакат, иҷрои буҷети давлатии соли равон ва таҳияи буҷет барои соли оянда ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ баррасӣ шуд.

Сентябрь 15, 2009 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Қариб 90 ҳазор ронандагон маблағи истифодаи роҳи Душанбе-Чанокро ғайринақдӣ пардохт менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо сарбозони Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Хонандагони ноҳияи Ҳамадонӣ барои гирифтани Стипендияи Раиси вилояти Хатлон омодагӣ мебинанд
Сарнишин аз Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии парапланронӣ бо парчами давлатӣ парвоз анҷом дод
Дар қисматҳои баландкӯҳи ноҳияи Рашт кишти картошка идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид