МИҚДОРИ ЗИЁДИ ДОРУИ НАШЪАДОР БА ДАСТ АФТОД
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе зимни амалиёти фаврӣ миқдори зиёди доруи нашъадори метилен диокси метамфетаминро дастгир намуданд, ки онро барои ҷалби таваҷҷӯҳи харидорон «экстаза» низ меноманд. Дар ҷараёни амалиёт дар пойтахти ҷумҳурӣ мошини сабукрави «Жигули – 07» боздошта шуд, ки сокини 29 — солаи ноҳияи Шаҳринав ва сокини 43 – солаи ноҳияи Ҳисор савори он буданд. Номи шахсони дастгиршуда бо мақсади махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш зикр карда намешавад. Дар натиҷаи кофтукови мошин аз он як баста ёфт шуд, ки 565 дона доруи сафеди кулчамонанд дошт. Вазни он 209,7 грамм буд. Аз рӯи хулосаи ташхиси судӣ доруи мазкур доруи нашъадори метилен диокси метамфетамин мебошад. Баъдан дар ҷараёни кофтукови маҳалли зисти шахси дуюм боз 269 дона доруи нашъадор ёфт шуд. Маълум гардид, ки шахсони дастгиршуда аъзои гурӯҳи муташаккили ҷинояткор буда, бо кӯмаки шахсони миёнарав маводи нашъадорро ба даст овардаанд. Онҳо як дона доруи нашъадорро дар ҷойҳои серодам ва минтақаҳои истироҳатӣ ба ивази 20 – 30 доллари ИМА мефурӯхтанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки аз рӯи ин воқеа парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Мақомоти дахлдор дафтари аъмоли ҷинояткоронаи шахсони дастгиршударо тафтиш мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






