МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА БЕЛОРУС ФИРИСТОНИДА МЕШАВАНД
Душанбе, 17 сентябр. (НИАТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 487 ҳазору 703 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки аз онҳо тариқи субъектҳои хоҷагидори дорои иҷозатнома барои фаъолияти бокортаъминкунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар 10 ҳазору 717 нафар дар Федератсияи Русия ва ИМА бо кор таъмин карда шуданд. Аз шумораи зикргардида 9 ҳазору 911 нафарашон мардон ва 806 нафарашон занон мебошанд. Дар ҳудуди Федератсияи Русия 405 ҳазору 600 нафар муҳоҷирони меҳнатии ҶТ дар Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ба қайд гирифта шуда, ба 23 ҳазору 200 нафар иҷозатнома барои зиндагии муваққатӣ ва ба 107 нафар иҷозати истиқомати доимӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дода шудааст. Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ бори аввал бо мусоидати Хадамоти муҳоҷирати ВКД кишвар байни ҶДММ «Строительный трест №13»-и Ҷумҳурии Белорус ва КВ «Биржаи меҳнати ҷавонон» шартномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки дар заминаи он 9 нафар мутахассисони хиштчини тоҷик муташаккилона барои кор ба корхонаи мазкур равон карда шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






