МУҲОКИМАИ ПРОБЛЕМАҲОИ ЗИНДАГИИ ВЕТЕРАНҲО

Сентябрь 16, 2009 14:43

                  Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Аз 25 то 27 ноябр дар Маскав маҷлиси раёсати Шӯрои ҳамоҳангсози «Иттиҳоди созмонҳои ҷамъиятии ветеранҳо» баргузор мегардад. Дар он роҳбарони созмонҳои ветеранҳои ҷанг, коргарони ақибгоҳ ва нафақахӯрони мамлакатҳои ИДМ, Латвия ва Эстония ширкат меварзанд. Созмонҳои ветеранҳои ҷанг ва коргарони ақибгоҳи мамлакатҳои ИДМ айни ҳол бештар аз 58 миллион иштирокчиёни ҷанг, коргарони ақибгоҳ ва нафақахӯронро муттаҳид месозад. Дар маҷлис проблемаҳои марбут ба фаъолияти Шӯроҳои ветеранҳо муҳокима карда мешаванд.                  Аз Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур раиси Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ Раҳматҷон Қудратов иштирок менамояд. Вай дар бораи таҷрибаи Тоҷикистон дар бобати беҳтар сохтани шароити зиндагии ветеранҳои ҷанг, фаъолияти Шӯрои ветеранҳои мамлакат ва ташкилотҳои ибтидоии он нақл мекунад.                   Аз рӯи натиҷаҳои маҷлис самтҳои асосии фаъолияти созмони байналхалқии иттиҳодияҳои ветеранҳои ИДМ муайян карда хоҳад шуд. 

Сентябрь 16, 2009 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд