МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ДОКТОР МАНСУР
Рӯзи 26- уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бозгашт аз шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Мушовири давлатии Подшоҳи Арабистони Саудӣ доктор Мансурро ба ҳузур пазируфт. Доктор Мансур салому паёми самимии Подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Саудро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, омодагӣ ва ҳавасмандии роҳбарияти давлати худро ба таҳкиму густариши равобити судманд бо Тоҷикистон таъкид намуд. Зимни вохӯрӣ оид ба ҷанабаҳои гуногуни робитаҳои дуҷониба ва муносибатҳои ду кишвар дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, хусусан дар олами ислом ва минтақаи Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи пурмӯҳтаво сурат гирифт. Таъкид гардид, ки Арабистони Саудӣ ба ҳайси яке аз бузургтарин давлатҳои исломӣ бояд дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва таҳаввулоту хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир давлатҳои рӯ инкишофи мусулмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди кӯмаку дастгирии бештар қарор диҳад. Ин мулоқот қадами намоёни навбатӣ дар роҳи густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ арзёбӣ гардид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






