МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО П. ПАТИЛ

Сентябрь 7, 2009 11:51

                 Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил ба Тоҷикистон субҳи имрӯз бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат идома ёфт.                  Меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патилро дар назди Қасри Миллат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.                Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, эҳтиром овардан ба Парчами давлатии Тоҷикистон, салом додан ба сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ҷараён гирифт.               Маросими истиқболи расмӣ бо гузашти ҷузъҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди минбар ба поён расид.                 Масоили таҳким ва густариши ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хоса ва сипас дар гуфтушунид бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб баррасӣ мегарданд.               Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 7, 2009 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад