НАҚШАИ СОХТМОНИ МАРКАЗИ ГАРМӢ ТАҒЙИР ДОДА ШУД

Сентябрь 23, 2009 10:28

                 Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мутахассисони ширкати «Tebian Electric Apparatus» — и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки сохтмони Маркази барқу гармидиҳиро ба зимма гирифтаанд, қарор доданд, ба нақшаи сохтмони он тағйирот ворид созанд.                  Аз дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки тағйироти мазкур асосан ба афзун гардондани иқтидори марказ ва таҷҳизоти тоза кардани ҳавои он дахл дорад. Мутахассисони чинӣ пешниҳод мекунанд, ки иқтидори марказ аз 200 мегаватти ба нақша гирифташуда то 270 мегаватт зиёд карда шавад. Инчунин дар марказ ба ҷои таҷҳизоти дузинадори ҳавотозакунӣ таҷҳизоти сезинадори тоза кардани ҳаво аз партовҳои истеҳсолот сохта хоҳад шуд.                 Маркази мазкур, тибқи нақша бояд соли 2011 дар арафаи 20 — солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шавад. Дар ин ҷо баъди ба истифода додани марказ ҳар шабонарӯз 4,8 миллион киловатт – соат қувваи барқ истеҳсол карда хоҳад шуд.

Сентябрь 23, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!