ОМОДАГИИ ДУШАНБЕ БА СИМПОЗИУМИ ҚАРИБУЛВУҚӮЪИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Сентябрь 22, 2009 16:01

                 Душанбе, 22 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи омодагии пойтахт ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310 –солагии Имоми Аъзам, ки рӯзҳои 5-6 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар ҷаласае, ки 22 сентябр дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид.                   Раиси шаҳр бо инобати таҷрибаи мавҷудаи пойтахт ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, масъулини шаҳру ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ, меҳмонхонаҳо, марказҳои фарҳангию маишӣ ва аҳли ҷамоатчигиро муваззаф сохт, ки дар асоси нақшаҳои шаҳрдорӣ ва таомули шаҳрнишинӣ тамоми корҳои омодагию ободониро доир ба ин чорабинии бузурги фарҳангӣ, ки воқеъан муаррификунандаи асолати таърихии миллати тоҷик дар арсаи тамаддуни ҷаҳонӣ аст, ба анҷом расонанд.                  Назар ба итттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ҷаласа ҳамчунин дигар масъалаҳои марбут ба рушду пешрафти пойтахт баррасӣ гардиданд.

Сентябрь 22, 2009 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад