РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД – РОҲИ КАЙҲОНӢ НЕСТ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар». Жасмин Назарова). – Ронандаи автомашинаи тамғаи «Меrсеdes — benz» Шавкат Назаров, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ҳисор – Душанбе аз сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада аз роҳ берун гашта чаппа мешавад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷа ронандаи автомашина ва мусофири он Беҳрӯз Ҳафизов аз гирифтани ҷароҳатҳои вазнини ҷимонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Инчунин се мусофири дигари автомашина бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҳисор бистарӣ карда мешавад. Дар ноҳияи Рудакӣ низ як садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Porsche — cayon» Тоҳирҷон Амирбеков, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати ба номи М. Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз тарафи деҳаи Ҳоҷиён ба тарафи деҳаи Ҷ. Румӣ аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард ноболиғ Нилуфар Абдуллоеваи 6 соларо пахш кард. Дар натиҷа ҷабрдида аз гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расид.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






