РУСИЯ КӮМАКИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ АСЪОРРО РАД НАМУД
Маскав, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Нюс.ам). – Сарвазири Федератсияи Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки мамлакаташ ояндаи наздик аз ҳуқуқи гирифтани қарзҳои имтиёзноки Хазинаи байналхалқии асъор истифода намебарад. Маскав ҳамзамон дар ин муддат аз расондани кӯмак ба мамлакатҳои дигар сарфи назар хоҳад кард. Намояндаи Хазинаи байналхалқии асъор изҳор намуд, ки хазина тайёр аст, ба Русия 8,840 миллиард рубл қарзи имтиёзнок диҳад. Вазири молияи Русия Алексей Кудрин қайд кард, ки Русия айни ҳол ба ин қадар маблағ зарурат надорад, зеро вазъи иқтисодии мамлакат ташвишовар нест. Владимир Путин ба вазири молия супориш дод, ки зимни гуфтушунид бо роҳбарияти Хазинаи байналхалқии асъор ба дастгирии мамлакатҳои дигари ИДМ аз ҷониби хазина диққати махсус диҳад. Айни ҳол Федератсияи Русия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдавия, Украина ва Ӯзбекистон ба ҳайати ИДМ дохил мешаванд. Тавре хабар дода шуда буд, Гурҷистон миёнаҳои моҳи август аз ҳайати ИДМ хориҷ гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






