СЕМЕНТИ ТОҶИК ДОРОИ «ШАҲОДАТИ СТАНДАРТИ ҶАҲОНӣ» ГАРДИД
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж маросими тантанавии супоридани «Ҷоизаи байналмилалӣ барои сифат BID» баргузор гардид. Котиби матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Сӯҳроб Мирзоалиев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиксемент»-и Тоҷикистон дар баробари корхонаҳои саноатии Испания, Португалия, Канада, Мексика, Ҳиндустон ва Эрон сазовори ҷоизаи BID – «Самтҳои ташаббуси фаъолият» — «Шаҳодати стандарти ҷаҳонӣ» гардид. Ҷоизаи мазкурро дар шароити тантанавӣ, ки намояндагони беш аз 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон ширкат доштанд, президенти BID – «Самтҳои ташаббуси фаъолият» Хосе Приетто ба намояндаи Ҳукумати ҶТ – сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Иттиҳоди Аврупо Саймӯмин Ятимов супорид. Зимни суханронӣ Хосе Приетто таъқид кард, ки новобаста ба бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи рушд ва инкишоф ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад. Ба ҷоизаи «Шаҳодати стандарти ҷаҳонӣ» ноил гаштани ҶСШК «Тоҷиксемент» эътирофи ин корхонаи бузурги Тоҷикистон аз ҷониби экспертҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва нишонаи фаъолияти пурсамари роҳбарияти Тоҷикистон дар самти ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ кунонидани маҳсулоти дохилии мамлакат мебошад. С. Ятимов дар нутқи худ зикр кард, ки дар тӯли фаъолияти қариб шастсолааш маҳсулоти корхонаи «Тоҷиксемент» дар бунёди бузургтарин иншооти Осиёи Миёна, бахусус НБО «Норак», нақбҳои обтаъминкунӣ, иншооти гидротехникӣ, пул, роҳ, коммуникатсия ва амсоли инҳо истифода шудааст, ки имрӯз на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои манфиати кишварҳои минтақа ва берун аз он хизмати босазоро ба ҷо меорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






