ШИРКАТҲОИ БЕҲТАРИНИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ МУАЙЯН ШУДАНД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Имрӯз 4 сентябр дар Муҷтамаи маҷаллаю рӯзномаҳои пойтахт маросими супоридани ҷоиза ба ғолибони озмуни ҳусни таваҷҷӯҳи мизоҷон дар бораи «Ширкатҳои беҳтарини алоқаи телефонию мобилии Тоҷикистон» баргузор мегардад. Озмуни мазкур бо иштироки хонандагони «Аргументы и факты» ва мизоҷони ширкатҳои алоқаи мобилӣ 2 моҳ боз давом дошт. Дар он 9 ширкати мобилӣ иштирок мекунанд. Дар озмун 4 ширкати мобилӣ: «Индиго Тоҷикистон», «Билайн», «Вавилон» ва «МЛТ» ғолиб дониста шуд. Ҷоизаи ҳавасмандӣ насиби ширкати алоқаи телефонию мобилии вилояти Суғд «Индиго Сомон Ком» гардид. Дар доираи озмун байни муштариёни рӯзномаи «Аргументы и факты» лотереяи бурднок гузаронида шуд, ки дар он 12 хонандаи ҳафтанома ғолиб омад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






