СОХТМОНИ ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ ШИНОКУНАНДА
Суғд, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ). – Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пойгоҳи обкашии шинокунанда бунёд мегардад. Сохтмони ин пойгоҳ дар мавзеи соҳили обанбори Қайроққум ба роҳ монда шудааст, ки дар радифи пойгоҳи обкашии шинокунандаи Хоҷабоқирғон, ки алҳол фаъолият дорад, гузошта мешавад. Пойгоҳи обкашии шинокунанда дар ҳар сония зиёда аз 14 метри мукааб об мекашад. Зеро пойгоҳи нав дорои 8 насос ва муҳаррикҳои обкашии иқтидори ҳар яки он кашидани 1,8 метри мукааб об дар як сония мебошад. Барои сохтмони пойгоҳ ширкатҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд. Пудратчии асосӣ ширкати ИФМС – «Колон»-и Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Сохтмони корпуси пойгоҳи барқии обкашии шинокунанда аз ҷониби ширкати «Техмарин ЛТД»-и заводи таъмири киштиҳои шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон анҷом дода мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






