ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НИМАСРАИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД

Сентябрь 29, 2009 09:34

                  Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Маҷлиси навбатии раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бораи мавқуф гузоштани таҷлили ҷашни 50 – солагии Иттифоқи журналистон қарор қабул намуд. 50 – солагии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, тибқи нақшаи пешбинишуда, мебоист моҳи ноябри соли равон ҷашн гирифта мешуд. Котиби масъули Иттифоқи журналистон Пӯлод Нуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки рӯзи аниқи таҷлили ҷашни иттифоқ ҳанӯз муайян карда нашудааст. Шояд ҷашни Иттифоқи журналистон аввали соли 2010 таҷлил карда шавад, гуфт вай.                  Сабаби асосии мавқуф гузоштани ҷашни Иттифоқи журналистон набудани вақт барои ташкили баъзе тадбирҳои вобаста ба ҷашн мебошад. 50 – солагии Иттифоқи журналистон бояд ба таври пуршукӯҳу доманадор ҷашн гирифта шавад. Зеро дар он як марҳалаи томи таърихи журналистикаи мамлакат ҷамъбаст карда мешавад, гуфт П.Нуров. Сабаби дигари мавқуф гузоштани ҷашн бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Дар натиҷа силсилаи тадбирҳои бахшида ба 50 – солагии Иттифоқи журналистон, аз ҷумла, нашри китоб дар бораи таърихи Иттифоқи журналистон ва гузаронидани конфронси илмии ҷумҳуриявӣ иҷро нагардиданд.                 Тибқи нақша, дар муддати боқимонда ҳамаи тадбирҳои пешбинишудаи идона бояд иҷро карда шаванд, гуфт котиби масъули Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ.

Сентябрь 29, 2009 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!