ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ

Сентябрь 10, 2009 11:34

                Маскав, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 8 сентябр дар шаҳри Маскав ба муносибати 18 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёфати расмии идона орост.                  Дар он роҳбарони вазорати корҳои хориҷии Русия, намояндагони парлумон, кормандони масъули вазорату идораҳои Русия, сафирон ва намояндагони муассисаҳои дипломатӣ, роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия, ходимони илму фарҳанг ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.                 Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар бораи дастовардҳои халқи тоҷик дар давоми солҳои истиқлолияти мамлакат ва равнақу ривоҷи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия сухан ронд. Вай ҷамъомадагонро ба муносибати иди истиқлолият табрик намуда, зикр кард, ки «мо ҳамеша дар лаҳзаҳои душвортарин ба Русия рӯ меовардем ва меорем.               Тоҷикистон ва Русия солҳои ҳокимияти шӯравӣ дар ҳайати як давлат барои иҷрои нақшаҳои пешбинишуда ҷидду ҷаҳд мекарданд. Муносибатҳои ҳар ду мамлакат дар давоми қариб ду даҳсолаи охир ҳамчун давлатҳои мустақил сол то сол бештар густариш меёбанд. Ташрифи Президенти Русия Д.Медведев моҳи июли соли 2009 ба Тоҷикистон бори дигар исбот намуд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстонаи мутақобилан муфиди ҳар ду кишвар ва роҳбарони онҳо бемайлон ва муттасил густариш меёбанд».                  Сафир дар бораи ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия сухан ронда, изҳор кард, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни онҳо дар давоми нимаи аввали соли 2009 — ум 402 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод. Дар ин муддат аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 39,8 миллион доллар молҳои гуногун фиристода шуд. Аз Тоҷикистон ба Русия асосан сабзавоту мева, нахи пахта ва фулузоти ранга фиристода мешавад. Мамлакати мо аз Русия маводи сӯхт, равғанҳои молиданӣ, ғалла, нуриҳои маъданӣ, чӯбу тахта ва маҳсулоти саноатӣ харидорӣ мекунад, гуфт дипломати тоҷик.

Сентябрь 10, 2009 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад