ТАВСИЯҲОИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ДАР БОРАИ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МУАЛЛИМОН

Сентябрь 30, 2009 10:26

                 Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Маҷлиси ҳайати мушовараи вазорати маорифи ҷумҳурӣ дар бораи либоси ягонаи муаллимони мактабҳои миёна ва олии мамлакат қарор қабул намуд. Қарори мазкур аз 1 октябр эътибор пайдо менамояд.                   Мувофиқи қоидаҳои нав, ба муаллимаҳо тавсия дода мешавад, ки дар мактаб либосҳои ҷинс, доманҳои кӯтоҳ, либосҳои гуногунранги варзишӣ ва либосҳои ниҳоят тангу шаффоф напӯшанд. Инчунин ба онҳо маслиҳат дода мешавад, ки дар ҳудуди мактабҳо асбобу анҷоми қиматбаҳои ороиширо истифода набаранд.                 Ба муаллимони мард тавсия дода мешавад, ки зимни иҷрои вазифа либосҳои муқаррарӣ, аз ҷумла, шими сиёҳ ва куртаи якранг пӯшанд. Танҳо ба омӯзгорони калонсоли аз 50 — сола боло иҷозат дода мешавад, ки риш монанд. Дар ин маврид дарозии риши онҳо набоят аз 3 сантиметр дароз бошад.                  Мутахассисони либосҳои навбаромад 20 намунаи либосҳои мактабиро тайёр намуда, ба мактабҳо пешниҳод карданд.                  Масъалаи истифодаи кадом навъи либос дар шӯроҳои педагогии мактабҳо ҳал карда мешавад. Мусаллам аст, ки барои ҳамаи муаллимон либоси ҳатмии ягонаи корӣ муайян карда нашудааст. Муаллимаҳо ва духтарон дар мактабҳои миллӣ мисли пештара либоси миллӣ пӯшида метавонанд.                 Сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва маълумоти миёнаи вазорати маориф Ҷалолиддин Амиров ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки қарори маҷлиси ҳайати мушовараи вазорат дар бораи либоси омӯзгорон хусусияти тавсиявӣ дорад ва дар ин масъала додани ягон ҷазо пешбинӣ нашудааст.

Сентябрь 30, 2009 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид