ТЕЪДОДИ «ГӮШАҲОИ ДЕҲҚОН» МЕАФЗОЯД
Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ояндаи наздик дар пойтахт боз 70 нуқтаи фурӯши «Гӯшаи деҳқон» ташкил карда мешавад. Дар робита, шаҳрдории пойтахт ба сохторҳои марбута дастур додааст, ки ҷиҳати ташкили чунин гӯшаҳо санадҳои заруриро омода созанд. Алҳол, дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт 114 адад чунин нуқтаҳои фурӯш фаъолият менамоянд, ки 50 фоизи онро Раёсати «Тоҷикматлубот» ба зимма гирифтааст. Мавриди зикр аст, ки деҳқонони ҷумҳурӣ дар ин гӯшаҳо маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзавоту меваҷотро бо нархи нисбатан арзон дар асоси шартнома ба фурӯш мегузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






