ЯРМАРКАҲО ФАЪОЛИЯТ ДОРАНД

Сентябрь 4, 2009 10:39

               Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар шаҳри Душанбе то оғози соли хониш 21 нуқтаи фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил карда шуда буд.               Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, фаъолияти ин нуқтахои фурӯш то 8 –уми сентябр идома дода мешаванд.               Бо вуҷуди саршавии соли хониш ярмаркаҳо кори худро давом медиҳанд. Мақсад аз нигоҳ доштани 21 нуқтаи фурӯши либосҳои мактабиро дар ҳукумати шаҳр шарҳ дода гуфтанд, ки оилаҳои камбизоате, ки то саршавии соли хониш фарзандони худро бо сару либоси мактабӣ таъмин кардан натавонистанд, ҳукумати шаҳр имконият дод, ки баъд аз гирифтани маоши августӣ онҳо тавонанд аз ярмаркаҳо истифода кунанд.               Мушоҳидаҳо нишон дод, ки то рӯзи 3 – юми сентябр дар мактабҳои пойтахт иштироки хонандагон бо сабабҳои гуногун 100 фоиз таъмин нест. Аксари иштирокнакардагон аз оилаҳои камбизоатанд, ки сару либоси мактабиро тибқи дастурамали Вазорати маориф надоранд.

Сентябрь 4, 2009 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад