ЗАРУРАТИ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Пайрав Назаров).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳман ва президенти ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Девисингх Патил имрӯз баъди анҷоми мулоқоташон барои воситаҳои ахбори оммавӣ изҳорот дарҷ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки зимни мулоқот бо Президенти Ҳиндустон ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва таъмини амнияти минтақавию байналхалқи диққати махсус дода шуд.Вай афзуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Ҳиндустон сол то сол меафзояд. Маблағи хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвар дар давоми ҳафт моҳи соли 2009 25 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17% зиёд мебошад. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистону Ҳиндустон роҷеъ ба бисёр проблемаҳои минтақавию байналхалқӣ мавқеъҳои якхела ё ба ҳамдигар наздик доранд. «Мо чунин мешуморем, ки ҷузъи муҳимтарини ҳамкории мамлакатҳои моро дар шароити имрӯза тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира, аз ҷумла терроризм ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ташкил медиҳад», гуфт Э. Раҳмон. Президенти Ҳиндустон П. Д. Патил изҳор намуд, ки мамлакатҳои минтақа бояд ҳамкориро дар баробари вусъати равобити иқтисодӣ дар мубориза ба муқобили терроризм пурзӯр намоянд. Вай зикр намуд, ки маъмурияти мамлакаташ ҷидду ҷаҳди Тоҷикистонро дар мубориза ба муқобили терроризм ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.Инчунин қайд карда шуд, ки Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар бобати амалӣ сохтани силсилаи барномаҳои таълимӣ, аз ҷумла тайёр кардани кадрҳои низомӣ кӯмак хоҳад расонд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






