10 НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Киев, 19 октябр. (АМИТ «Ховар» — top.rbk.ru). — Имрӯз дар Украина маъракаи пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ оғоз ёфт, ки то 6 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад. 10 нафар аз сиёсатшиносони шинохтаи кишвар, оид ба иштирокашон дар интихоби президентӣ изҳорот доданд. Аз миёни онҳо имкониятҳои роҳбари ҳизби оппозитсионии Украина Виктор Янукович зиёдтар мебошад. Мувофиқи пурсиши сотсиологӣ наздики 30 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории Виктор Янукович, камтар аз 20 фоиз ба тарафдории сарвазир Юля Тимошенко омодаанд овоз диҳанд. Президенти феълии Украина Виктор Юшенко мувофиқи ин пурсиши сотсиологӣ, ҳамагӣ 3 фоизи овози интихобкунандагонро метавонад соҳиб шавад. Ба қайдгирии номзадҳо 13 ноябр анҷом меёбад ва 17 ноябр интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Натиҷаҳои интихобот то 27 январ эълон шуда, дар рӯзномаҳои «Голос Украины» ва «Правительственный Курер» чоп хоҳанд шуд. Виктор Янукович умед дорад, ки дар даври аввали интихобот ғолибият ба даст орад. Аммо, мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки ӯ аз нисф зиёди овозҳоро наметавонад соҳиб шавад. Бинобар ҳамин гузаронидани интихоботи такрорӣ ногузир аст. Иштирокчиёни интихоботи такрории президент шояд В.Янукович ва Ю.Тимошенко бошанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






