ҚАРИБ 4 ҲАЗОР ШАҲРВАНД НОМ ИВАЗ КАРДАНД

Октябрь 19, 2009 14:25

                 Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – «Дар 9 моҳи соли 2009 аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном ва номи падарӣ 3 ҳазору 795 нафар шаҳрвандон иваз карда шуд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров.                   Ҳамзамон Вазири адлия зикр кард, ки дар ин давра 124 ҳазору 538 сабти таваллуд, 23 ҳазору 356 сабти вафот ва 65 ҳазору 723 сабти никоҳ ба қайд гирифта шудааст.                  Бахтиёр Худоёров афзуд, ки аз ҷониби Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар ин давра 270 созмони ҷамъиятӣ ва беш 7 ҳазор шартномаҳои гарав ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.                     Инчунин, дар ин давра аз ҷониби мақомоти адлия ба буҷаи давлат беш аз 15 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ворид шуд, гуфт дар хотима Бахтиёр Худоёров.  

Октябрь 19, 2009 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!