ҚОСИДИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

Октябрь 13, 2009 14:58

                Ню – Йорк, 13 октябр. (АМИТ «Ховар» — top.rbc.ru). – Тавре мудири иҷрояи Бунёди кӯдаконаи Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Энн Венеман иттилоъ медиҳад, актёри шинохтаи Ҳоливуд Орландо Блум қосиди иродаи неки Бунёди кӯдаконаи Созмони Милали Муттаҳид таъин карда шуд.                  Орландо Блум иҷрокунандаи нақши асосӣ дар филми машҳури «Роҳзанҳои баҳри Кариб», қаблан низ барои дар амал татбиқ кардани барномаҳои гуногуни Бунёди кӯдаконаи СММ саҳми худро гузошта буд.                  Бунёди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 11 декабри 1946 бо мақсади расонидани кӯмакҳои фавқулодда ва дастгирӣ кардани кӯдакони ҷаҳон таъсис ёфтааст. Бунёд дар 157 давлати ҷаҳон барномаҳои худро амалӣ мекунад.                   Ҷалби актёрҳо, варзишгарон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи олам дар иҷрои барномаҳои Бунёди кӯдаконаи СММ, барои равона кардани таваҷҷӯҳи аҳли башар ба мушкилоти кӯдакони ҷаҳон мусоидат мекунад. Аз ҷумла то ин вақт футболбоз Дэвид Бекхем, теннисбози маъруф Роҷер Федерер, актёрон Ҷеки Чан, Роҷер Мур ва Одри Хепберн қосидони Бунёди кӯдакони СММ таъин шуда буданд.

Октябрь 13, 2009 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад