ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҚАФО МЕМОНАД

Октябрь 13, 2009 09:05

                  Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати зироатҳои техники Вазорати кишоварзӣ, тибқи дурнамо, соли ҷорӣ ҷамъовари пахта ба 350 ҳазор тонна расонида мешавад.                   То 12 – уми октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 168 ҳазору 303 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 126 ҳазору 258 тонна камтар аст, ки сабаби асосии кам ҷамъоварӣ шудани пахта ин як моҳи тақвимӣ қафомонии кишт мебошад,- мегӯяд сардори сардори раёсати растанипарварии вазорат Саймурод Баҳриддинов.                   Бо вуҷуди бештар ҷамъоварӣ шудани ҳосили пахта дар вилояти Хатлон (123046 тонна), ҳосили ғундоштаи пахтакорон нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба миқдори 89 ҳазору 876 тонна камтар аст.                    Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад ҳамагӣ 3850 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст.  

Октябрь 13, 2009 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!