30 МАРКАЗИ ИТТИЛООТИЮ ҲУҚУҚӢ БАРОИ ЗАНОН
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Кумита дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва дастгирии ЮНИФЕМ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 30 маркази иттилоотӣ-ҳуқуқию машваратӣ ва 7 маркази бӯҳронӣ таҳсис дод, зикр намуд дар баромади худ раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ. Дар марказҳо равоншиносону ҳуқуқшиносон тариқи ройгон ба ниёзмандон маслиҳат медиҳанд ва инчунин, барои дастгирии қурбониёни зӯроварӣ дар ҳамаи ин марказҳо ҳуҷра ва телефонҳои «Боварӣ» барои мардум қарор доранд, — қайд намуд Х. Юсуфӣ. Инчунин, барои ноболиғони душвортарбия Маркази махсус таъсис дода шуд, ки дар он айни замон 7 нафар бо тренингу курсҳои машваратию омӯзишӣ фарогирифта шуда ва рӯзҳои наздик 11 нафари дигар ба марказ ворид карда мешаванд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






