30-СОЛАГИИ КОНВЕНСИЯИ ҲУҚУҚИ ЗАН

Октябрь 1, 2009 14:50

                 Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе муаррифии маҷмӯаи Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳо дар шакли саволу ҷавобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ доир гардид. Ин иқдом бахшида ба 30-солагии Конвенсияи мазкур роҳандозӣ шудааст, ки 18 декабри соли ҷорӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ онро таҷлил менамоянд.                   Дар ҷараёни муаррифӣ зикр гардид, ки Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳо, ки 18 декабри соли 1979 аз тарафи Ассамблеяи генералии Сомони Миллали Муттаҳид қабул шуд – нуқтаи олитарини кӯшишҳои даҳсолаи байналхалқӣ дар самти ҳифз ва рушди ҳуқуқҳои занон дар ҷаҳон ва мусоидат намудан ба риояи он гардид.                  3 сентябри соли 1981, пас аз 30 рӯзи қабули Конвенсия аз тарафи бистумин давлати аъзо он ба ҳукми қонун даромада, натиҷаи босамари фаъолияти СММ оид ба ташкили меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқии фарогиранда барои занон гашт.                   Маврид ба зикр аст, ки Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 октябри соли 1993 қабул кард ва он яке аз рукнҳои асосии системаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.                   Гуфтанист, ки Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамагуна поймолкунии ҳуқуқи занҳо таҳкурсии ҳуқуқиро барои беҳтар намудани ҳуқуқи занон барқарор намуда, баробарии онҳоро дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ пеш мебарад. 

Октябрь 1, 2009 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!