5 ҲАЗОР ОСОРИ ХАТТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Октябрь 22, 2009 10:56

                  Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояҳмедова). – Дар Душанбе миёни Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳанг ва осори Ҷумъа–ал–Маҷид – и Аморати Муттаҳидаи Араб Созишнома оид ба барқароркунии дастнависҳо ва китобҳои қадимӣ ба имзо расид. Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Академии улуми мамлакат Мамадшо Илолов ва аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб Ҷумъа – ал – Маҷид имзо карданд.                   Дар доираи Созишнома 21 октябри соли ҷорӣ дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва осори хаттии АУ Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Маркази фарҳанг ва осори Ҷумъа–ал–Маҷид маросими кушодашавии коргоҳ барои барқарорсозии дастхатҳои қадимӣ ва китобҳои Тоҷикистон барпо шуд. Коргоҳ бо технологияи муосир ба арзиши 100 ҳазор доллари ИМА таҷҳизонида шудааст.                    Ёдрас мешавем, ҳайати кории Аморати Муттаҳидаи Араб бо роҳбарии раиси Маркази фарҳанг ва осори Ҷумъа–ал–Маҷид бо даъвати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе қарор доранд.                     Бояд қайд кард, ки аксарияти дастнавис ва мероси қадимаи хаттии мардумони Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд ва шумораи онҳо зиёда аз 5 ҳазор нусха мебошанд.

Октябрь 22, 2009 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!