А. АЛИЗОДА: «СОЛИ БУЗУРГДОШТИ ИМОМИ АЪЗАМ СОЛИ БОБАРОР ВА НЕК БУД»

Октябрь 23, 2009 16:50

                  Душанбе, 23 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Давраи ҳисоботӣ ба соле рост омад, ки барои роҳбарият, кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ҳамчун соли таърихию хотирмон дар саҳифаи рӯзгор сабт гардид», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуҷалол Ализода. Зеро соли 2009 соле, буд, ки 1310-солагии асосгузори мазҳаби Ҳанафия — Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Дар ҷараёни баргузории конфронси ҷумҳуриявии «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ», ки моҳи феврал доир шуд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Аъзам гузошта шуд. Ин иқдом воқеан рамзӣ ва бо маврид буд. Зеро фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар доираи мактаби Имоми Аъзам ҷараён мегирад.                 Абдуҷалол Ализода роҷеъ ба фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ибрози назар карда афзуд, ки дар 9 моҳи соли равон донишкада дар бархе аз чорабиниҳои давлатӣ ба монанди нахустозмуни ҷумҳуриявии «Ҳифз ва қироати Қуръони карим», нахустфестивали ҷумҳуриявии «Наътхонон» ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам ҳамчун ташаббускор ва яке аз иҷрокунандагони асосии он саҳм гузоштааст.

Октябрь 23, 2009 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад