АНҶУМАНИ Х ҲХДТ ДАЪВАТ КАРДА МЕШАВАД

Октябрь 27, 2009 11:01

                Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). – 24 октябр таҳти роҳбарии Раиси Ҳизби Халқӣ — демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Комиҷроияи ҲХДТ доир гардид. Дар назди иштирокчиён Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд. Ӯ, аз ҷумла, дар бораи омодагӣ ба интихоботи навбатии парлумонӣ, доир намудани интихоботи мазкур дар шароити шаффоф ва озод таъкид намуд.                Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳамчун Президенти Тоҷикистон ва Раиси ҲХДТ тамоми чораҳоро меандешад, то ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланд ва мутобиқи қонун сурат гирад.               Ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ бояд дар чаҳорчӯбаи Конститутсияи Ҷумҳурӣ амал намуда, маъракаи пешазинтихоботиро бо риояи эҳтиром ва меъёрҳои одобу ахлоқ доир намоянд.                Дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки анҷумани Х ҲХДТ 26 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Октябрь 27, 2009 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад